Парвариши таҷрибавӣ: "Боғи Сомон" метавонад ба Тоҷикистону Русия ангури бедона диҳад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”, ки бо ташаббуси ӯ соли 2008-ум ташкил шуда буд, боздид карда, бо ҷамъоварии ҳосил шинос шуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Хоҷагидорони "Боғи Сомон" 5 навъи ангурро аз кишварҳои мухталиф ворид намуда, парвариши таҷрибавии онҳоро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин бора зимни боздиди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии мазкур иттилоъ дода шуд.
"Аз ҷумла, аз штати Калифорнияи Амрико навъи “Аватар” ворид гардидааст, ки ангури бедона буда, ба обу хоки кишвари мо мутобиқат аст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани марҳилаи таҷрибавӣ, аз ҳисоби навъҳои нав метавон майдони токзорро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дод.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додаст, ки нигоҳубин ва рафти омӯзиши ин навъи ангур бо назардошти тамоми меъёрҳои аграрӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба амалӣ карда шавад.
“Боғи Сомон” аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Боздиди Раҳмон аз шаҳри Турсунзода: шиносоӣ бо кори омӯзгорону кишоварзон
Саҳми хоҷагӣ дар таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор назаррас буда, хусусан дар мавсими ҷамъоварии ҳосил то 3 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сиёҳу сафед”, “Президент”, ки асосан навъҳои маҳаллӣ ба шумор мераванд, парвариш карда мешавад. Тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ токзор ҳосили бештар дорад.
Ангури истеҳсолгардида дар хоҷагӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ба Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Покистон содирот карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0