Русия аз аввали амалиёти вижа 5300 танки артиши Украинаро нобуд кард

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузариш ба медиабонкОсвобожденное село Тошковка в ЛНР
Освобожденное село Тошковка в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
Қуваҳои мусаллаҳи Русия аз аввали амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина 5292 техникаи низомии артиши ин кишварро нобуд кардааст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия 5292 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии Украинаро нобуд кардаанд, иттилоъ додааст Вазорати дифоъ.
“Дар маҷмуъ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 310 ҳавопаймо, 155 чархбол, 2137 ҳавопаймои бесарнишин, 378 системаи зиддимушакии зидди ҳавоӣ, 5292 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 860 мошини рокетандози чандгона, 3444 тӯпҳои саҳроӣ ва хумпораандоз ва 6189 адад сошинҳои махсуси низомӣ”, - иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, раванди амалиёт дар Украина чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0