Аз тақвияти ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон: Дидори Раҳмон бо Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаМулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷии Арабистони Саудӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, ки ба Душанбе сафар кардааст дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор иброз доштааст, ки Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Зимни мулоқот дар бораи таҳкиму тавсеаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд, робитаҳо дар самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз қабили бахши тиҷорату иқтисод, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахшҳо, ки имкониятҳои зиёдро доро мебошанд, табодули андеша сурат гирифт.
Встреча министров иностранных дел Таджикистана и Саудовской Аравии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Сафари расмии шоҳзодаи саудӣ дар Душанбе
Тарафҳо масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид шудааст, ки зимни баррасии масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии кишвари ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкории судманд доранд ва таъкид шуд, ки кишвари мо аз узвияти Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси шарики муколама, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол менамояд.
Лентаи хабарҳо
0