Бонки миллӣ ба Western Union иҷозатномаи фаъолият дод

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкВывеска с названием Western Union, архивное фото
Вывеска с названием Western Union, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Масъулини Бонки милии Тоҷикистон ба оператори низоми пардохтии “Western Union” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатномаи фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Иҷозатнома ба Western Union бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори мазкур аз сӯйи Раёсати бонк ҳануз аз 30 сентябри соли равон ба имзо расидааст.
Қайд карда шудааст, ки қарори мазкур мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, ба имзо расидааст.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Интиқоли пул осону арзон мешавад. Иқтисоддон суди пайдоиши сомонӣ дар биржаи Маскавро гуфт
Тибқи қарори мазкур ба Вестерн Юнион Нетворк (Фаронса), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шудудааст.
Ҳамзамон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааснд, ки дар асоси қарори мазкур Идораи низоми пардохти БМТ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Дар ҳоли ҳозир дар феҳрасати Бонки миллӣ низомҳои пардохтие, ки ҳуқуқи анҷом додани амалиётҳои интиқолиро дар қаламравиТоҷикистон доранд се ширкат дида мешавад.
Дар Тоҷикистон “Юнистрим”, “Контакт” ва “Western Union” ки ҳуқуқи анҷом додани амалиётҳои интиқолиро дар қаламравиТоҷикистон доранд
Лентаи хабарҳо
0