Раиси вилояти Суғд 300 мақомдори шаҳри Истаравшанро ба пахтачинӣ равон кард

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ИстаравшанЧиновники Истаравшана участвуют в сборе хлопка
Чиновники Истаравшана участвуют в сборе хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси вилояти Суғд кормандони мақомоти шаҳри Истаравшан ва дигар ташкилоту муассисаҳои ин шаҳрро барои пахтачинӣ ба ноҳияи Зафаробод рвон кард
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ахиран дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода беш аз 300 нафар кормандони мақомоти шаҳр ва дигар ташкилоту муассисаҳо барои кӯмак дар ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2022 ба ноҳияи Зафаробод рафтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Истаравшан.
Таъкид шудааст, ки дар давоми рӯз ҳашарчиён барои ҷамъоварии ҳосили пахта ёрии амалии худро ба пахтакорони ноҳия расонида, саҳми худро ба хирмани тиллои сафеди давлат гузоштанд.
Мақомоти шаҳри Истаравшан қайд кардааст, ки таҳти унвони "Дар паҳлуи марди деҳқонем" кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳр дар ҳайати зиёда аз 268 нафар дар ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ хоҷагиҳои деҳқонии "Мубина", "Оятулло", "Фаррух" ва "Шодиёна" тӯли 23 рӯз мешавад, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта дасти кӯмак расонида истодаанд.
Хлопкоуборочные машины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 35,4 фоиз иҷро кард
Дар анҷоми рӯ болидахотирии ҳашарчиён аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан чорабинии фароғатӣ ташкил карда шуд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Оғози ҷамъоварии пахта дар ҳолест, ки аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0