Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон

© SputnikЗулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон
Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, зарфиятҳои ду кишвар имкони рушди равобити фарҳангӣ доранд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки бо як ҳайати фарҳангӣ ба манзури шикат дар маросими ифтитоҳияи ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ба Теҳрон сафар карда аст, зимни ҳузур дар Сомони фарҳанг ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.
Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ 3 то 8 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор мешавад.
Ин рӯйдоди фарҳагӣ шомили иҷрои барномаҳои гуруҳҳои ҳунари аз ҷумла гуруҳи намоиш, гуруҳи мусиқи, қироати шеър тавассути шоирони тоҷикистонӣ ва баргузории намоишгоҳи нақоши, акс, ҳунарҳои дасти ва либосҳои миллии он кишвар мешавад.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Рӯзи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон маълум шуд
Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳаргуна ҳамкори дар ҳавзаи баргузории коргоҳи ҳунари ва таъомулоти донишгоҳи ва гуфтугуҳои илмӣ ва табодули донишҷу омодаи дорем.
Имонипур ибрози умедвори кард, ки шоҳиди рафтуомади нухбагон ва нависандагони ду кишвар бошем, чун ниёз ба восита надорем ва забони ҳар ду кишвар форси аст.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфтааст, ки омодаи рушди равобит бо Эрон ҳастем ва умедворем ин ҳамкориҳо дар тамоми сутуҳи фарҳангӣ ва ҳунари густариш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0