Толибон аз Хуросонӣ хостанд аслиҳа ва нафаронашро таслим кунад

© Social mediaАбдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
Амири пешини амнияти толибҳо дар Панҷшер пас аз дархости ин гуруҳ барои таслимшавӣ гуфт, таърихи Абдурраҳмони Ғадорро такрор накунед, чун паёмади хуб надорад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фармондеҳи пешини амниятии вилояти Панҷшер, Ҳамиди Хуросонӣ дар як наворе гуфтааст, ки фармондеҳи сипоҳи марказии гурӯҳи толибон аз ӯ хост таҷҳизоту афродашро таслим кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Хуросонӣ мегӯяд, аз ӯ хоста шудаст, дар пайи таслими афроду силоҳ худаш дар бахши сипоҳи марказӣ аскарӣ кунад. Вай таъкид дорад, ки фармондеҳи сипоҳи марказии толибҳо ба ӯ ду рӯз муҳлат додааст.
Хуросонӣ мегӯяд, ки ӯ аз ихтори ҳеч кас наметарсад ва аз фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам наметарсад ва монанди Амруллоҳи Солеҳ, ғуломбача намебошад ва касе ба ӯ ихтор дода наметавонад.
Ӯ ишора ба раҳбарони гурӯҳи толибон мегуяд, ки бояд раҳбарони Аморати Исломӣ инро дунбол кунанд ва ин ҳукуматро бояд қавмӣ накунанд ва агар ҷурми ӯ Панҷшер бошад пас ин ватан аз шумо мебошад.
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Пешниҳоди Ҳикматиёр барои ташкили давлати интиқолӣ дар Афғонистон
Вай гуфт, шумо хиёнат кардаед ва моро таҳдид ба марг накунед, чун мо бидуни Амруллоҳ Солеҳ ба касе сар хам намекунем ва фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам болои ман вазифа карда наметавонед.
Оқои Хуросонӣ гуфтааст, ки дар баробари ҳукуматҳои пешин ва кишварҳои истиъморгар размидааст ва чун тарафдори Амороти Исломӣ будем ба Аморат Исломӣ пайвастем ва то бадин дам хомӯш будем ва барои як ҳукумати исломии содиқона кор кардем ва ҳамаи хешовандони мо бо ман душман шудааст.
Вай афзуд, ки гурӯҳи толибон дар ҳақи неруҳояш хиёнат кардааст, то кунун афроди ӯ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳеҷ маоше дарёфт накарда аст.
Хуросонӣ ҳамчунон дар поён суханонаш мегуяд, ки таърихи Абдураҳмони Ғаддорро такрор накунед, ки пайомад хуб надорад.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз оғози ҳамлаи гурӯҳи толибон бар вилояти Панҷшери оқои Хуросонӣ ба ин гурӯуҳи пайваст ва то кунун бо ин гурӯҳ аст.
Лентаи хабарҳо
0