Эрдуғон дар паёмаш ба Раҳмон аз пайвандҳои таърихӣ гуфту умедвори тақвияти ҳамкорӣ шуд

© AFP 2023 / MURAT CETIN MUHURDARПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркия гуфт, Анкара барпо намудани ояндаи муштаракамонро дар асоси ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган дар паёми шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки муносибатҳои ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.
“Муносибатҳо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, таҳкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин ҳамбастагӣ миёни мардумон саҳми худро мегузоранд”, - гуфтааст раҳбари Туркия дар паёмаш.
Встреча Валентины Матвиенко с Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Раҳмон боварӣ дорад, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд низ рушд хоҳанд кард
Дар ин паёмаш Раҷаб Тайип Эрдоган роҳбари Тоҷикистонро аз номи миллат ва шахсан худаш бо 70-умин солгарди зодрӯзаш табрику таҳният гуфтааст.
“Дар марҳилаҳои минбаъда низ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкории наздик бо Шумо барпо намудани ояндаамонро бо бовару қотеъияти муштарак идома хоҳем дод”, - изҳори умедворӣ кардааст раисҷумҳури Туркия.
Дар ин паёмаш оқои Эрдуғон ба Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилааш тансиҳативу шодкомӣ ва умри дароз таманно намудааст.
Ҳамчунин раҳбари Туркия ба мардуми Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзу кардааст.
Лентаи хабарҳо
0