Марҳилаи фаъоли размоиши СААД дар Қазоқистон - видео

Обуна шудан
Дар тамрингоҳи "Матибулоқ"-и вилояти Ҷанбули Қазоқистон марҳилаи фаъоли машқҳои СААД - "Ҳамкорӣ-2022", "Ҷустуҷӯ-2022", "Эшелон-2022" идома дорад
Навори тамриноти муштараки нерӯҳои СААД нашр шудааст, ки ба бартарафсоозии низои мусаллаҳона дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардидаст.
Дар наворҳои нашркардаи ожонси Ruptly, ҳайати низомиён, инчунин техникаи низомӣ ва махсусеро, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, нишон медиҳад.Дар машқҳои Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъ ва воҳидҳои вижаи кимиёвӣ ва биологӣ иштирок доранд.
Тибқи нақшаи машқ, воҳид ба рафъи хуруҷи сирояти махсусан хатарнок ҳангоми амалиёти ҷангӣ машғул аст. Хизматчиёни ҳарбӣ бо истифода аз техникаи махсус иктишофи биологии иншооту мавзеъро анҷом дода, коркарди махсуси ҳайати шахсӣ, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ, силоҳ ва техникаро амалӣ месозанд.
Дар тамринҳои СПАД бори нахуст як воҳиди нав вориди амал мешавад
Теъдоди умумии низомиёни иштирокддор дар тамринҳои СААД дар Қазоқистон беш аз 6500 нафар ва теъдои техника зиёда аз 850 адад, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин арзёбӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки машқҳо таҳти унвони "Ҳамкорӣ-2022", "Ҷустуҷӯ-2022", "Эшелон-2022" дар қаламрави ду вилояти Қазоқистон – Алма-Ато ва Ҷанбул баргузор мешаванд. Дар размоишҳо низомиёни Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0