Сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Рубен ГарсияПанорама города Душанбе с высоты
Панорама города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории як Форуми минтақавӣ ба пойтахти Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе 6 октябри соли равон Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо баргузор мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар кори форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва Агентиҳои СММ ширкат мекунанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Ахиран дар доираи Форуми минтақавӣ ҷаласаи васеъи Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ (ШМТ) баргузор гардид, ки дар он ба иштирокчиён натиҷаҳои арзёбии нави минтақавии хатарҳо барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаҳои он муаррифӣ карда шуд.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Фавти шаш нафар ва хисороти 46,2 миллион сомонӣ дар Мастчоҳ: пайомади ҳолатҳои фавқулодда
Натиҷаи таҳқиқоти кишварҳо дар бораи ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба баланд бардоштани устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ дар ин кишварҳо нигаронида шудааст, пешниҳод гашт.
Ҳамчунин, баргузории чанд мизи гирд баргузор шуд. дар ин мизҳои гирд иштирокчиён масъалаҳои арзёбии минтақавии хатари офатҳои табиӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва рафъи паёмадҳои онҳо тавассути маблағгузории хатари офатҳои табиӣ, арзёбии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ, самтҳои татбиқ ва пешрафт дар амалисозии “Ташкили Хазина барои интиқоли хатари офатҳо дар минтақаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ”, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти тобоварӣ дар баробари офатҳо дар Осиёи Марказӣ баҳс хоҳад шуд.
5 октябри соли 2022 намояндагони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ як қатор пешниҳоду ташаббусҳо ва барномаҳои созандаро муҳокима ва барои баррасӣ ва қабули қарор пешниҳод карданд.
Лентаи хабарҳо
0