Таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” дар Тоҷикистон”

Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳамасола 5-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ки он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мегардад
5 октябри соли 2020 дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки ҳамасола 5 октябр бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ мебошад.
Дар ин рӯз дар кишвар чорабиниҳои илмӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури кишвар мардуми кишварро ба ин рӯз табрик мекунад.
Дар табрикоти қаблиаш Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карда буд.
Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази миллии тарҷума
“Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”, - гуфта буд киишвардори Тоҷикистон.
Паёми Аҳмадзода: тоҷикиро бояд ба пояи забони илми муосир рушд диҳем
Ҳамзамон вай илова карда буд, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.
“Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад”, - изҳор дшт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0