Тими Тоҷикистон аз ҳаққи идомаи сабқат дар Ҷоми Осиё-2022 маҳрум шуд

© ФФТНациональная сборная Таджикистана по футзалу проиграла команде Таиланда на Кубке Азии - 2022
Национальная сборная Таджикистана по футзалу проиграла команде Таиланда на Кубке Азии - 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал пас аз мағлуб шудан аз тими Таиланд ба даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳ наёфт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё - 2022 аз тими Тайланд шикаст хӯрд, хабар дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ дар Кувайт бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи тими Таиланд анҷом ёфт Футзалбозони тоҷик даври аввалро бо ҳисоби 0:1 бохта, дар нимаи дуюм тавонистанд 2 гол зананду пеш гузаранд.
Аммо рақиб ҳисобро баробар карда, дар охири бозӣ, 30 сония то садо додани ҳуштаки ниҳоии тавонистанд голи пирӯзиоварро пирӯзиро вориди дарвозаи Тоҷикистон намоянд.
Дар бозии чорякфинал бо Таиланд Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров гол заданд.
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Мураббии футзал: вақти "ҷавон" кардани тими миллии Тоҷикистон фаро расидааст
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар 15 соли охир барои аввалин бор ба чорякфиналии қаҳрамонии Осиё баромад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2022 даста бо раҳбарии Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрд.
Мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои 1/4 финал ба панҷ дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2022 ворид шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бори охир соли 2007 ба даври 1/4 ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0