Тоҷикистон хостори ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русияро шуд

© Посольство Таджикистана в РФ Встреча Посла Таджикистана с Министром науки и высшего образования России
Встреча Посла Таджикистана с Министром науки и высшего образования России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар дидор бо Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳо ва афзоиши теъдоди бурсияҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идор бо Вазири илм ва таҳсилоти олии ин кишвар Валерий Фалков масъалаи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илмро баррасӣ кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот сафири Тоҷикистон аз рушди пайвастаи робитаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, қайд карданд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбиро баррасӣ карданд.
Работники коммунальных служб убирают снег на улицах Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Сафорати Русия дар Тоҷикистон сафарбарсозии муҳоҷирон ба артишро рад кард
Инчунин тарафҳо афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъулини сафорат хабар доданд, ки мусоҳибон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ, инчунин эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0