Афзоиши назарраси даромади пулии аҳолӣ дар 26 соли ахир

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Арзиши сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 барои аҳолӣ 1091,2 сомониро ташкил дод, иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд.
“Даромади ҳар нафари аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998 ба 684,5 сомонӣ дар соли 2021 расонида шуда, хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 92 877,8 млн. сомонӣ дар соли 2021 баробар шуд”, - иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин давра хароҷоти истеъмолии як аъзои хонавода дар як моҳ аз 6,23 сомонӣ ба 781,8 сомонӣ баробар гардид.
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Аз 1 то 1711 сомонӣ: Мақомот гуфт, дар тӯли 27 сол музди миёнаи меҳнат чӣ қадар зиёд шуд
Вазорат зикр кардааст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вобаста ба танзим ва муқаррар намудани меъёри арзиши сабади истеъмолӣ Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ дар бораи муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Тоҷикистон” қабул гардид.
Қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бемайлон рушд ёфта, шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0