Душанбе беоб мемонад: шаҳрдорӣ гуфт, захира кунед

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в ванной комнате, архивное фото
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
Сар аз ҳафтаи оянд дар Душанбе, бо сабаби корҳои таъмирӣ, қатъи оби нӯшокӣ аз рӯи нақша шурӯъ мешавад ва сокинонро зарур аст барои як рӯз об захира кунанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ббар асоси ҷадвали таъмир, дар баъзе ноҳияҳои Душанбе қатъи барномавии оби ошомиданӣ оғоз мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, таъмир дар истгоҳҳои обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ”, “Кофарниҳон", "Худҷореъ” ва “Фишорӣ” сурат хоҳад гирифт.
Бар асоси ин қарор тибқи нақша аз соати 23:00-и 12 то соати 24:00-и 13 октябр дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ) оби ошомидани қатъ мешавад.
Реки в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Оби ҳаёт: Панҷ бузургтарин рӯди Тоҷикистон
Инчунин ба Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ ва ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и ноҳияи И.Сомонӣ низ интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Ҳамзамон дар ин рӯз интиқоли оби нӯшокии маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамиршиқор сурат нахоҳад гирифт.
Сокинони кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино ва кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ ҳам тӯли ин рӯз беоб хоҳанд монд.
Аз 19 то 20 октябр интиқоли об дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дустӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддин қатъ мешавад.
Дар ин рӯз интиқоли об дар, кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД "Роҳи оҳан" то бинои КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
Ҳамзамон раисони чор ноҳияи пойтах ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Лентаи хабарҳо
0