Мавқеи нави Тоҷикистон дар радабандии ФИФА: як зина пеш рафт

© Freshfocus / Гузариш ба медиабонкЛюди идут мимо здания Международной федерации футбола (ФИФА) в Цюрихе. Архивное фото
Люди идут мимо здания Международной федерации футбола (ФИФА) в Цюрихе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон мавқеяшро дар радабандии нави ФИФА боло бурд. Яккачини кишвар зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ тадриҷанд ҷойҳои беҳтареро касб мекунад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон, дар ин радабандӣ як зина мақеяшро беҳтар карда, аз мақоми 109 ба зинаи 108 баромад.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1185,7 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст, ки 6,7 хол зиёд нисбат ба нашри қаблӣ аст.
Яккачини Тоҷикистон пас аз чандин муддат чунин пешравиро зери раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба даст овард.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Тоҷикистон дар дар мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022", ки дар Тайланд доир шуд, пирӯзӣ ва ҷомро ба даст овад.
Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ чунин раддабандӣ шудаанд: Ӯзбакистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар зинаи 95.
Мунтахаби Қазоқистон 11 зина пеш рафта, кишвар дар ҷойи 113-ум қарор дорад. Туркманистон бошад, дар хатти 135-ум миёни Флиппин ва Руанда монд.
Игроки сборной Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик: Кӣ чанд пул меистад?
Дар панҷгонаи беҳтаринҳо Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.
Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф аст, ки бо 1557 имтиёз дар зинаи 20-ум ҷой гирифта, Ҷопону (24) Корея (28) пас аз он қарор гирифтаанд.
Русия бошад, ду зина пеш рафта, бо 1496 имтиёз дар мақоми 33-юм қарор гирифтааст.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дода мешавад.
Беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.
Дар зинаи 106-ум тими Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 қарор дошт. Дар зинаи поинтарини худ дар радабандиҳо ФИФА Тоҷикистон соли 2003 қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0