Мирзиёев ба Путин ордени бонуфуз дод

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Узбекистана Ш. Мирзиёевым
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Узбекистана Ш. Мирзиёевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
Роҳбари Русия ба хотири таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Русия Ӯзбекистон аз сӯйи ҳамтои ӯзбекаш бо ордени бонуфуз сарвароз гаштааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, кишвардори Русия Владимир Путинро бо ордени "Олий Даражали Дӯстлик" (Дӯстии дараҷаи олӣ) сарфароз гардонд.
Дар ин бора раҳбари дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон Шерзод Асадов хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, ШАвкат Мирзиёев раисиҷумҳури Ӯзбекистон аллакай фармони дахлдорро ба имзо расонидааст.
Путин ин ҷоизаро барои "саҳми бузурги шахсиаш дар рушди робитаҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ" миёни Ӯзбекистону Русия сарфароз гаштааст.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Путин ба Раҳмон Орден дод
Инчунин, сабаби дигари қадрдонии оқои Путин бо орден 70-солагии зодрӯзи ӯ мебошад, афзуд Асадов дар канали Telegram-и худ.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июли соли 2022 Путин фармоне содир кард, ки тибқи н ба Шавкат Мирзиёев ордени Александр Невский тақдим карда шуд.
Раҳбари Ӯзбекистон барои хидматҳои бузург дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Русия ва Ӯзбекистон қадрдонӣ шуд.
Раисиҷумҳури Русия ин орденро дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 15 сентябр дар Самарқанд баргузор шуд, ба ҳамтои ӯзбекаш супурд.
Лентаи хабарҳо
0