Тоқаев номзад ба мақоми президенти Қазоқистон пешбарӣ шуд

© AP / Pavel GolovkinКасым Токаев
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
Раҳбари кунунии Қазоқистон низ дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ барои курсии раҳбарӣ вориди рақобат шуд. Ӯ сеюмин номзад ба ин мақом гардид.
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҳизби ҳокими "Амонат" дар Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев-раиси ҷумҳури феълиро ба унвони номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.
Вакилони анҷумани ғайринавбатии ҳизб рӯзи панҷшанбе ба ҷонибдории ин тасмим раъй доданд, хабар медиҳад РИА Новости.
"Дар ин бора якдилона тасмим гирифта шуд. Муҳтарам аъзои ҳамин ҳизб, бо қарори Анҷумани XXIV ҳизби "Амонат" Қосимҷомарт Камолович Тоқаев якдилона номзад ба мақоми президентии Ҷумҳурии Қазоқистон пешбарӣ карда шуд", - гуфт, котиби масъули ҳизб Асхат Оралов,дар ҷамъбасти натоиҷи раъйдиҳӣ гуфт.
Рӯзи чаҳоршанбе як қатор созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла шабакаи миллии ризокорон, иттиҳоди шаҳрвандии Қазоқистон, Шӯрои генералҳо, иттиҳодияи ҷавонони Қазоқистон, Ассотсиатсияи собиқадорони ҷанги Афғонистон, иттифоқи варзишгарон ва ғайра, ҷонибдории худро аз раҳбари кунунии ин кишвар барои номзад ба мақоми президентӣ эълон карданд.
Города мира. Нур-Султан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Пойтахти Қазоқистон боз ба Остона табдил ёфт
Тоқаев худи ҳамон рӯз дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи вилояти Павлодар тасмими дурусти рафтан ба интихоботро на аз ягон созмони мушаххас, балки аз эътилофи васеи нерӯҳои ҷамъиятию сиёсие номид, ки заминаи ислоҳот ва иҷтимоиёту интихоботро ташкил медиҳанд.
Ин, ба андешаи ӯ, имкон медиҳад, ки "принсипи баробарии сарвари давлат аз ҳизбу иттиҳодияҳои гуногун тасдиқ карда шавад".
Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 20-ноябр гузаронида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то кунун ду номзади дигар, намояндаи ҳизби "Ауил" Жигули Дайрабоеви 68-сола ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мейрам Кажикени 61-сола, аз иттифоки касабаи “Амонат” номзадияшонро пешбарӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0