Куштори 71 ҳазор ғайринизомии афғон тавасути низомиёни амрикоӣ тайи 20 соли таҷовуз

© AFP 2022 / Wakil KohsarМедики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле
Медики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти толибон эълон кардааст, ки низомиёни амрикоӣ дар муддати 20 соли ишғолгарии Афғонистон дастикам 71 ҳазор ғайринизомии афғонро куштаанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ҳукумати толибон ахиран дар баёнияе эълом кард, Амрико 21 сол қабл дар чунин рӯзеӣ (7 октябр) бидуни муҷаввиз ва далели мантиқӣ ба Афғонистон ҳамла кард, ки натиҷаи он кушта шудан беш аз 71 ҳазор ғайринизомии афғон шудааст.
Бар асоси ин гузориш дар ин ду даҳа беш аз 78 ҳазор нафар аз неруҳои артиш ва полиси Афғонистон низ кушта шуданд.
Ҳукумати толибон дар баёние ба муносибати 21-умин солрӯзи таҷовузи Амрико ба Афғонистон афзуд, ҳамалоти Амрико ва ҷанг дар Афғонстон боиси оворагии миллионҳо нафар аз мардуми ин кишвари ҳам шудааст.
Ҳукумати толибон дар баёнияи худ бо ишора ба ин ки ҳамакнун Афғонистон аз ҳузури неруҳои ишғолгари поксазӣ шудааст ва мардуми Афғонистон озодона зиндагӣ мекунанд таъкид кард, толибони бори дигар итминон медиҳад, ки Афғонистон барои ҳеҷ кишваре таҳдид нест ва иҷоза дода намешавад аз хоки ин кишвари зиди кишвари дигаре истифода шавад ва дар муқобил аз соири кишварҳо низ мехоҳад мавзеи хасмона дар баробар Афғонистон надошта бошанд ва дар баробари амният, саботу пешрафти иқтисодии мо мавонеъ эҷод накунанд.
Женщина в парандже несет на голове мешок с луком на рынке в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Ҳушдори СММ дар бораи фурупошии иқтисоди Афғонистон
Ҳар чанд имрӯз ишғолгарии Амрико дар Афғонистон ба поён расидааст, аммо ин кишвар бо буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бекорӣ ва фақри шадид дар Афғонистон ношӣ аз ишғолгарии Амрико ва ҷанги дар ду даҳаи гузашта мувоҷеҳ аст.
Амрико ва муттаҳидонаш дар ҳафтуми октябри соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо тероризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд.
Низомиёни Амрико дар ниҳоят пас аз 20 соли ишғолгарӣ дар Афғонистон ва иртикоби ҷиноёти бе шумор бо нобӯдии зерсохтҳои иқтисодӣ, беҳдоштӣ, авохири моҳи августи соли 2021 бо шикасти изоин аз кишвар хориҷ шуданд. Гуруҳи толибони ҳам ҳамон давра дар Афғонистон ба қудрат расиданд.
Лентаи хабарҳо
0