Лукашенко ба Путин трактори беларусӣ тақдим кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонк Президент России Владимир Путин и президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент России Владимир Путин и президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Беларус дар шаҳри Санк-Петербург гуфт, ки ба ҳамтои руси худ дар рӯзи зодрузаш тарктори беларусӣ тақдим кардааст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Владимир Путин барои ҷашни солгардаш як трактори BELARUS-ро ҳамчун тӯҳфа омода кардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Аз Лукашенко пурсиданд, ки барои Путин чӣ тӯҳфа омода кардааст. Ҷавоб шуморо ба ҳайрат меорад... Ва инак тӯҳфа!" - навиштааст дар Telegram-канал манбаи наздик сухангӯи раисҷумҳури Беларус, бо нашри акси шаҳодатномаи трактори BELARUS.
Дар шаходатнома гуфта мешавад: “Ба Владимир Владимирович Путин. Ба шарафи солгард. Президенти Республикаи Беларус А. Г. Лукашенко”.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузарад.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд
Субҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрӣ вориди шаҳри Санкт-Петербург шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ ташаббуси раисҷумҳури Русия, Владимир Путин мебошад.
Нишасти ояндаи роҳбарони кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 14 октябр дар шаҳри Остона дар назар аст.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0