Раҳмон хислатҳои неки Путинро ном бурду ба русиягиҳо амониро орзу кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Президент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати солгарди мавлуди президенти Русия аз сифоти неки ӯ ёд карда, таманниёташро баён доштаст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ҳамтои русиягияш, Владимир Путинро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Путин аз ӯ чун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода тавсиф кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштаст, ки барои Путин қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлаташ хос аст.
"Дар ин робита мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Русия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям", - омадааст дар паёми шодбошӣ.
Дар идома ба хизматҳои муҳими Путин дар таъмиқи муназзами муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия баҳои баланд дода шудаст.
"Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем", - таъкид кардаст Раҳмон.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар солгарди зодрӯзи Путин ба ӯ саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Русия таманно кардааст. Дар зимн барои русиягиҳо сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор таманно намудаст.
Лентаи хабарҳо
0