Вазирони ИДМ дар Остона аснод барои имзои президентҳою сарвазирҳоро омода мекунанд

CC BY 2.0 / Wikipedia / Ken and Nyetta / Город Астана, архивное фото
Город Астана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Баррасии масоили амниятӣ ва таҳияи санадҳои байнидавлатӣ аз масоили меҳварии мулоқоти вазирони хориҷии ИДМ дар шаҳри Остона арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Остона ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Маълум аст, ки дар он вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби ин нишаст раҳбарони вазоратҳои хориҷаи кишварҳои ИДМ роҷеъ ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд. Ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкориҳо дар ин созмон баррасӣ мешавад.
"Дар назар аст, ки ба масъалаҳои амниятӣ дар фазои Иттиҳод ва сарҳадҳои хориҷии он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад", - қайд кард Захарова.
Сарони идораҳо нақшаи машваратҳои бисёрсатҳӣ байни вазоратҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2023-ро тасдиқ мекунанд.
Инчунин як қисми ҳуҷҷатҳоеро тасдиқ хоҳанд кард, ки ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ - 14 октябр ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ - 28 октябр пешниҳод мегарданд.
Интизор меравад, ки як қатор тасмимҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон қабул шаванд.
Встречи С. Лаврова на полях 77-й сессии Генассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
"Тақсим куну ҳукм рон": Лавров ба Ятимов ва амниятиҳои дигар аз ҳадафи Ғарб гуфт
"Аз ҷумла, нақшаи чорабиниҳо дар масъалаи баргузории Соли забони русӣ дар ИДМ дар соли 2023 ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои аъзо", - афзуд ӯ.
Илова бар ин, Лавров ба ҳамкорони худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ва натоиҷи раъйпурсӣ дар қаламравҳои нави Русия - ҶХД, ҶХЛ, Запороже ва Херсон маълумот медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0