Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон барои Беҳрӯз Хоҷазод низ бидуни дастовард поён ёфт

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Бехруз Ходжазода
Дзюдоист Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Обуна шудан
Дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки се рӯз аст дар Тошканд ҷараён дорад, аъзои яккачини Тоҷикистон то кунун ягон медал ба даст наоварда, се шикаст дорад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Паҳлавони дигар тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода низ аз идомаи рақобатҳо дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон мағлуб гардид.
Ӯ ки Зери зери вазни 73 кг баромад мекард, дар даври аввал дар сонияҳои тиллоӣ тавонист, варзишкори фаронсавӣ Аксус Бенҷаминро шикаст бидиҳад ва ба даври дуюм гузарад, хабар медиҳад ТВ "Варзиш".
Дар даври дуюм Хоҷазода бо Виктор Стерпуи 23 сола аз кишвари Молдова сабқат кард, аммо пирӯзи ба даст наовард.
Ҳамзамон дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Тошканд ҷудокорон зери вазни то 73 кг Муҳаммадраҳим Сарахонов низ шикаст хӯрд.
Ӯ дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд.
Международный турнир по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Бурду бохти ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон
Сарахонов дар раванди рақобат аз ҷониби довар бо 3 шидо барои камфаъолӣ танбеҳ дода шуд ва ҳамин боис шуд, ки ғалаба насиби Нилс Спамп гардад.
Варзишкори дигари кишвар Эмомалии Нуралӣ низ дар рӯзи 7 октябр шикаст хӯрд.
Ӯ ҳарчанд дар даври 3-юми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон муқобили Ҳифумӣ Абеи ҷопонӣ, ки қаҳрамони 2 каратаи ҷаҳон, 10 карат қаҳрамони "Grand Slam" ва қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ мебошад сабқати арзанда анҷом дод, вале 3 шидо сабаби маҳрумияти ӯ аз идомаи сабқат шуд.
Ҳамакнун шаш намояндаи дигари кишвар, Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) барои медал мубориза хоҳанд бурд.
Лентаи хабарҳо
0