Тоҷикистон ҳосили ғаллаю картошкаашро эълон кард

Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҷамъоварии ҳосил тибқи нақша идома дорад ва то аввали моҳи октябр қисми зиёди заминҳои кишт аллакай коркард шудааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 896,2 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки майдони умумии кишти ғалладона дар тамоми чаҳор минтақаи кишвар (вилоятҳои Хатлону Суғд, НТК ва ВМКБ) 304 ҳазор гектарро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, майдони умумии кишти ғалладона дар тамоми чаҳор минтақаи кишвар - вилоятҳои Хатлону Суғд, НТҶ ва ВМКБ ҳудуди 304 ҳазор гектарро ташкил дод.
Таъкид шудаст, ки аллакай аз майдони беш аз 290,2 ҳазор гектар, аз ҷумла дар ВМКБ – 3,9 ҳазор гектар, Суғд – 96,9 ҳазор гектар, Хатлон – 139,6 ҳазор, Душанбе – 740 дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 48,9 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки аз 896,2 тонна ғалладонагии ҷамъоваришуда 714,5 ҳазор тоннаро гандум ташкил медиҳад.
Манбаъ ҳамчунин дар мавриди ҳосили картошка дар Тоҷикистон, ки миёни мардум "нони дуюм" ном гирифтааст, иттилоъ дод, ки 1 октябри соли равон 476,9 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудаст.
Зикр гардидаст, ки соли равон майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ беш аз 32,1 ҳазорро ташкил дода, аллакай аз 22,1 ҳазори он ҳосил ҷамъоварӣ шудаст.
Лентаи хабарҳо
0