Вокуниши Саудӣ ба хашми ИМА аз коҳиши истихроҷи нафт: Вашингтон захоирашро мебарорад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДобыча нефти в Татарстане
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки гаронии қимати нафт дар Амрико айби Арабистони Саудӣ нест, балки натиҷаи камбуди корхонаҳои коркарди нафт дар худи Амрикост
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Пас аз мавзеъгирии Амрико дар муқобили тасмими ОПЕК+, Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистони Саъудӣ гуфт, ин ақида, ки Риёз нафти худро коҳиш медиҳад истеҳсолот ба зарари Амрико аст, дуруст нест.
"Нафт як колои муҳим барои иқтисоди ҷаҳонӣ аст, ки мо низ дар он саҳми қобили мулоҳизае дорем",- гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Арабистон нафт ва тасмимҳои марбут ба онро сиёсӣ намекунем ва нафт силоҳ нест.
Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ дар Лима, пойтахти Перу, дар вокуниш ба тасмими ахири ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт гуфт, ки кишвараш дар андешаи посухи муносиб ба Арабистони Саудӣ аст. Аз чумла дар муносибат бо Ин мамлакат аст.
Президент РФ Владимир Путин отвечает на вопросы журналистов после встречи глав государств - гарантов Астанинского процесса содействия сирийскому урегулированию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
ВАО: Дӯсти нави Путин Русияро шикастнопазир хоҳад кард
Байден ҳамчунин ба Вазорати энержии Амрико дастур дод, ки моҳи оянда аз захираҳои стратегии Амрико 10 миллион бушка нафт раҳо кунад ва тадобири эҳтимолӣ барои афзоиши истихроҷи нафтро баррасӣ намояд.
Илова бар ин, президенти Иёлоти Муттаҳида аз ширкатҳои нафтии Амрико хост, ки нархи сӯзишвориро коҳиш диҳанд, то истеъмолкунандагони амрикоӣ хароҷоти камтар дошта бошанд.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки Амрико ба ин гурӯҳ шадидан фишор овардааст, то тавлиди онро коҳиш надиҳад, зеро Вошингтон мехоҳад аз афзоиши дубораи қимати бензин дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Ёдовар мешавем ОПЕК+ , ки яке аз раҳбарони он Русия аст, ахиран ба мувофиқа расид, ки истихроҷи нафтро ду миллион бушка дар як рӯз коҳиш диҳад.
Қарор боз ҳам таъминотро дар бозори бе ин ҳам танг маҳдуд мекунад ва эҳтимол меравад, ки нархи бензин танҳо пеш аз интихоботи миёндавраии моҳи ноябр боло равад.
Лентаи хабарҳо
0