Маҳмадбеков ва Ризоев ҳам аз ҳаққи идомаи рақобат дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон маҳрум шуданд

© Международная федерация дзюдоТаджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2022
Обуна шудан
Рӯзи чаҳоруми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд ҷудокорони зери вазни то 63 кило миёни бонувон ва зери вазни то 81 кило миёи мардон зӯрозмоӣ карданд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ карданд, ки ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.
Ба гузориши телевизиони "Варзиш", нахуст Сомон Маҳмадбеков ҷудокори 23-солаи тоҷик дар даври аввал бо намояндаи Канада – Франкойс Гаузейр нерyсанҷӣ карда, ғолиб баромад. Дар ин рақобат Маҳмадбеков бо имтиёзи вазарӣ ба даври дуюм баромад.
Манбаъ афзуд, дар даври дуюм рақиби Сомон – Шарофиддин Болтабоеви ӯзбек гардида, тақдири сабқатро шидо ҳал намуд. Сомон барои камфаъолӣ аз ҷониби довар 3 шидо гирифт ва рақобатро ба Болтабоев бохт, афзуд манбаъ.
Дзюдоист Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон барои Беҳрӯз Хоҷазод низ бидуни дастовард поён ёфт
Шарофиддин Болтабоев дар даври 3-юм бо ҷудокори ҷопонӣ Сотаро Фуҷивара зӯрозмоӣ мекунад, аммо барои Сомон Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар даври дуюм поён ёфт.
Ҷудокори дигари тоҷик, Шодмон Ризоев дар ин вазн рақобатҳоро аз даври дуюм аз зӯрозмоӣ бо Ашраф Моутили марокашӣ оғоз кард. Дар сабқати ин ду ҷудокор пирӯзӣ насиби ҷудокори 25-солаи марокашӣ гардид бо имтиёзи иппон шуд.
Дар даври сеюм Ашраф бо ҷудокори эронитабори озарбойҷонӣ – Саид Муллоӣ сабқат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки давоми 4 рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон ҷудокорони тоҷик натавонистаанд ба марҳилаҳои ниҳоӣ роҳ ёбанд ва аллакай дар даври дуюм аз сабқат канор мемонанд.
Лентаи хабарҳо
0