Ҷамъбасти бебарори рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудокорони Тоҷикистон

© Международная федерация дзюдоДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар шаҳри Тошканд барои варзишгарони Тоҷикистон бебарор анҷомид. Ду ҷудокори тоҷик дучори шикаст шуданд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳарду намояндаи Тоҷикистон дар вазни то 90 кило дар рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо шикаст хӯрданд.
Ҷудокори тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Станислав Гунченко, паҳлавони 23-солаи украинӣ шикаст хӯрд. Дар ин зӯрозмоӣ паҳлавони тоҷик 3 шидо гирифт.
Пирӯзи ин сабқат Станислав Гунченко дар даври сеюм бо ҷудокори испанӣ Тристани Мосахлишвили вориди майдон хоҳад шуд.
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2022
Маҳмадбеков ва Ризоев ҳам аз ҳаққи идомаи рақобат дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон маҳрум шуданд
Ин дар ҳолест, ки ахиран Комроншоҳи Устопириён низ дар даври аввал бо Ивайлов Иванов аз Булғористон рӯи татамӣ баромад. Ивайлови 28-сола бо як вазарӣ роҳашро ба даври дуюм ҳамвор намуд, аммо Комроншоҳ тарки мусобиқа мекунад.
Ин шикастҳо дар ҳолеянд, ки рӯзе пеш дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, ки ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.
Беҳрӯз Хоҷазода низ, ки зери вазни 73 кило зӯрозмоӣ мекард, дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0