Лукашенко ба Душанбе меояд

© Пресс-служба Президента Республики БеларусьПрезидент Беларуси Александр Лукашенко 15 сентября прилетел с рабочим визитом в Таджикистан
Президент Беларуси Александр Лукашенко 15 сентября прилетел с рабочим визитом в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Беларус зимни сафараш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш масъалаҳои васеъи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко рӯзи сешанбе бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба Вазорати умури хориҷаи ҶТ.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин сафар мулоқоти як ба яки ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Ҳамчунин ВУХ Тоҷикистон хабар додааст, ки мулоқот дар ҳайати васеъ баргузор мешавад.
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи музокирот як бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ба имзо хоҳанд расид.
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Лукашенко: НАТО имкони таҷовуз бар зидди Беларусро баррасӣ дорад
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар чаҳорчӯби сафари расмии раисҷумҳури Беларус ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Беларус баргузор мешавад.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд.
Дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони "Made in Belarus" баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе ба сафари раисиҷумҳури Беларус омодагӣ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0