Пешгӯии Эрдуғон дар мавриди зимистони мушкил дар Аврупо

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Туркия аз зимистони мушкил дар Аврупо ҳушдор дода, афзуд, ки феълан суоли асосӣ дар ин қитъа ин аст, ки фасли сарморо чун паси сар мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба далели маҳдудияти интиқоли газ аз Русия кишварҳои аврупоиро мушкилоти ҷиддӣ дар пеш аст, изҳор дошт президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Ба гузориши хабаргузории "Anadolu", Эрдуғон дар мулоқот бо аъзои Фонди ҷавонони Туркия мушкили аслии Аврупоро зимистони оянда хонд.
"Кишварҳои Аврупо дар зимистони имсол ба далели маҳдудият дар интиқоли газ аз Русия ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳоло тамоми Аврупо ин суолро мепурсад, ки ин зимистон чӣ гуна мегузарад", - гуфт ӯ.
Дар зимн таъкид намудаст, ки Туркия дар фасли сармои оянда бо манобеи энержӣ мушкиле нахоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар расонаҳои Туркия матолибе нашр шуд, таъкид мекарданд, дар масъалаи газ Иттиҳоди Аврупо ба таслимшавӣ ба Русия наздик аст.
Аз ҷумла гуфта мешуд, Аврупо наметавонад масъалаи таъмини сӯзишвории кабудро ҳал кунад.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Даъвати Орбан барои тағйир додани сиёсати ғалати таҳримгузорӣ
Зикр гардид, ки Иттиҳодияи Аврупо ба далели интихобот дар Конгресс, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, наметавонад дар масъалаи энержӣ ба Амрико зиёд такя кунад.
Таъкид гардид, дар сурате, ки ҷумҳурихоҳон аксариятро ишғол кунанд, Аврупо дучори хавфи бе кумак аз он тарафи уқёнуси Атлантик хоҳад монд. Дар ҳар сурат ҳам Вашингтон тамоми эҳтиёҷоти газро, ки Иттиҳоди Аврупо дорад, қонеъ карда наметавонад, навишта буданд расонаҳои туркӣ.
Лентаи хабарҳо
0