Ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Русия таҳти раёсати Путин: видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия пас аз ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим ҷаласаи фаврӣ баргузор мекунад
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷаласаи фаврии худро бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оғоз кард.
Эҳтимол меравад, дар ин нишаст вазъ дар пули Қрим, ки субҳи 8 октябр дар он мошини боркаш таркид, баррасӣ шавад.
Ин теракт аст: Путин гуфт, кӣ пули Қримро тарконд
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати доимии Шӯрои амният нахуствазир Михаил Мишустин, раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев шомиланд.
Ҳамчунин котиби Шӯрои амният Николай Патрушев, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, мудири ФСБ Александр Бортников, вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев, директори Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин ва дигароншомиланд.
Посухи Маскав ба таркиши пули Қрим чӣ гуна бошад? Посухи Медведев
Президент мунтазам бо Шӯрои Амният ҷаласаҳои оперативӣ мегузаронад.
Дар ҷаласаҳои ахир масъалаи сафарбаркунии қисман, ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ, бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи РФ баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0