Шикасти Устопириён дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
Дар рӯзи 5-уми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Тошканд ҷудокори шинохтаи тоҷик шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Зӯрозмоӣ дар ду вазн - то 70 кило миёни бонувон ва зери вазни 90 кило миёни мардон оғоз гардиданд, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов намояндагӣ доранд ва аллакай аввалӣ аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд.
Манбаъ афзуд, Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал бо Ивайлов Иванов аз Булғористон рӯи татамӣ сабқат карда, барои камфаъолӣ ду шидо гирифт.
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2022
Маҳмадбеков ва Ризоев ҳам аз ҳаққи идомаи рақобат дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон маҳрум шуданд
Зикр гардид, ки Ивайлови 28-сола имтиёзи вазарӣ гирифта, дар идома муқобили Комроншоҳ бештар муборизаро бо вақткушӣ идома доду як шидоро соҳиб шуд.
Дар ниҳояти сабқат ҷудокори булғорӣ тавонист, ки бо як вазарӣ роҳашро ба даври дуюм ҳамвор намояд, аммо Комроншоҳ тарки мусобиқа мекунад. Ҳамакнун рақиби Ивайлов дар даври дуюм Николас Мунгал аз Итолиё мебошад.
Шикасти Устопириён дар ҳолест, ки рӯзе пеш дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро намояндагӣ карданд ва ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.
Беҳрӯз Хоҷазода низ, ки зери вазни 73 кило зӯрозмоӣ мекард, дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0