Имзои даҳ санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦеремония подписания новых документов о сотрудничестве между Таджикистаном и Беларусью
Церемония подписания новых документов о сотрудничестве между Таджикистаном и Беларусью - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Обуна шудан
Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар Душанбе ба имзо расиданд, бахшҳои муҳими ҳамкории ду кишварро дар бар мегиранд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар фарҷоми музокироти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Александр Лукашенко раҳбари Беларус дар Қасри миллат, маросими имзои 10 санади нави дуҷониба, ки соҳаҳои муҳими ҳамкории ду кишварро дар бар мегиранд, сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Қайд карда шудааст, ки санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расонида шуд.
Зикр карда шудааст, ки нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск барои солҳои 2023-2024 имзо шуд.
Ба ин санад Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Минск Владимир Кухарёв имзо гузоштанд.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Музокироти Раҳмону Лукашенко анҷом ёфт. Ҷонибҳо чиро баррасӣ карданд?
Ҳамчунин созишномаҳои зерин ба имзо расиданд:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Беларус дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Беларус дар самти мубориза бо коррупсия;
Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2022-2026;
Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;
Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;
Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Беларус;
Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Беларус.
Хабар дода шудааст, ки пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0