Беш аз 1,5 ҳазор медал: Афзоиши ҷоизагириии хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ

© Sputnik / Амир ИсаевРӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Обуна шудан
Иштироки хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар нуҳ моҳи аввали соли равон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тайи 9 моҳи аввали соли 2022 беш аз 5,7 ҳазор хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок кардаанд.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни ҷаласаи Шӯрои мушовараи ниҳоди тобеяш иттилоъ додаст.
Таъкид шудаст, ки хонандаҳо дар 27 олимпиадаи фаннии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намудаанд.
Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Ҳудуди 63% зан: Вазир гуфт, Тоҷикистон чанд омӯзгор дораду чанди дигар намерасад
Дар мавриди натиҷаи иштироки хонандаҳо вазир иттилоъ дод, ки муҳассилини тоҷик сазовори 1585 медал шудаанд. Аз ин шумора 259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ мебошанд, изҳор дошт ӯ.
Дар маҷмуъ теъдоди ҷойҳои ифтихории хонандаҳои тоҷик нисбат ба соли гузашта 938 адад афзоиш ёфтааст.
Вазир мегӯяд, барои хонандаҳо дар дохил низ олимпиадаҳо ташкил карда шуданд. Зикр гардидаст, ки 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо 6530 нафар хонанда иштирок намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2287 нафар зиёд мебошад, илова намуд Саидзода.
Лентаи хабарҳо
0