Дар кадом кӯчаҳои Душанбе обрасонӣ қатъ мегардад?

Обуна шудан
Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ дар бархе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе 12 октябр аз соати 23:00 то соати 24:00-и 13 октябри соли 2022 дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.
Кӯчаву маҳаллаҳое, ки дар онҷо интиқоли об муваққатан қатъ мегардад дар тасвирбаёни мо маълумот дода шудааст.
Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ва бо инобати иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии дар аксари минтақаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ ба миқдори як шабонарӯз қатъ мегардад
Мақомот аз сокинони шаҳр хоҳиш кардаааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии об захира намоянд.
Лентаи хабарҳо
0