Музокироти Раҳмону Лукашенко анҷом ёфт. Ҷонибҳо чиро баррасӣ карданд?

© Пресс-служба Президента Таджикистана Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии раисҷумҳури Беларус дар Қасри миллат музокироти рабарони Тоҷикистону Беларус баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар ҷараёни музокирот кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот аз инкишофи босуръати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Барои тақвияти минбаъдаи равобити дуҷониба сарони ду кишвар пешниҳод кардаанд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ фаъол шавад, Гурӯҳи кории муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намояд.
Инчунин дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид кардааст, ки дар ин музокирот тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.
Встреча Рахмона и Лукашенко в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Дидори дӯстона: Раҳмон Лукашенкоро дар назди Қасри миллат пешвоз гирифт
Қайд карда шудааст, ки барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдани куҳӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ, дар самти кишоварзӣ ва таъминоти логистика, ки дорои захираҳои калон мебошад, зарур шумурда шуд.
Инчунин ҷонибҳо барои зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба бозори Беларус, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Татбиқи лоиҳаҳо дар бораи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини бозори Беларус бо нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди саноатии пахта ва таъсиси корхонаи истеҳсоли қолинҳои Тоҷикистону Беларус аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Зимни музокироти ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандии худро иброз доштанд.
Мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Минск Владимир Кухаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Ҳамкориҳои Минску Душанбе боз ҳам беҳтар мегарданд
Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИДМ ва СААД, баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ин созмон мазмуни нав пайдо мекунад.
“Вобаста ба таъмини амну субот дар кишварҳои якдигар ва минтақа, якбора афзудани таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва авзои сиёсии Афғонистон ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар тақозои замон номида шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Дар рафти музокироти сарони ду кишвар дар бораи дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор карданд.
Лентаи хабарҳо
0