Содирот қариб 2 баробар зиёд шуд: Эълони ҳаҷми савдои Суғд бо хориҷа

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикская птицефабрика в Согде
Таджикская птицефабрика в Согде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Бо вуҷуди афзоиши савдои хориҷии Суғд тавозуни он ҳамоно манфӣ боқӣ монда, воридот аз содирот зиёд аст. Раиси вилоят хостори истифодаи бештари зарфиятҳо шуд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 зиёда за 2,3 млрд доллари амрикоиро ташкил дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ 43% зиёдтар мебошад.
Аз ҷумла тавзеҳ дода шудаст, ки ҳаҷми воридот дар 9 моҳ ба 1,5 млрд доллари амрикоӣ баробар шудаст. Ин омор нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли пешӣ наздики 314 млн доллар ё 26% зиёд мебошад.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ҳудуди 793 млн доллар арзёбӣ гардидаст. Ҳукумати Суғд таъкид намудаст, ки содирот аз вилоят дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378 млн доллар зиёд мебошад. Ҳаҷми афзоиш ҳудуди 1,9 баробарро ташкил додаст.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Додугирифти Тоҷикистону Русия ба як миллиард доллар наздик шудааст
Раиси вилояти Суғд зимни баррасии нишондодҳои иқтисодию иҷтимоии 9 моҳи аввали соли равон барои истифодаи бештари зарфиятҳо дастур додаст.
Аз ҷумла таъкид намудаст, ки чорабиниҳо барои саноатикунонии босуръати кишвар тақвият дода шаванду пурра коркард намудани нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшуда ва содироти ҳарчи бештари маҳсулоти тайёр аз пахта роҳандозӣ гардад.
Аз ҷумла дар ин самт ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии муҳим хонда шудаст.
Лентаи хабарҳо
0