Баъди сайри Варзоб Лукашенко тарки Тоҷикистон кард - видео

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска при въезде в Варзоб
Вывеска при въезде в Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар охири сафари расмияш дар Тоҷикистон раисҷумҳури Белорус аз табиати зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан карда, бо ҳамтои тоҷикаш суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Президенти Белорус, Александр Лукашенко ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ғайрирасмӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати ҶТ масоили ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари мтабуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Лукашенко дар ноҳияи Варзоб аз мавзеъҳои зебову нотакрор тамошо карданд. Меҳмони олимақом ба табиату обу ҳавои Тоҷикистон баҳои баланд додаст.
"Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт", - омадаст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус иттилоъ додаст, ки дар пайи боздид аз Варзоб Лукашенко ба қасди Остона Душанберо тарк намудаст.
Сафари расмии президенти Белорус дар Тоҷикистон 2 рӯз - 11 ва 12 октябр давом кард.
Дар доираи ин сафар мулоқоти хоси сарони давлатҳо ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъ баргузор шуда, ҷонибҳо 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Президент Беларуси Александр Лукашенко на встрече с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Дӯстӣ дар бозор: Лукашенко гуфт, чиро метавонад ба Тоҷикистон фурӯшаду чиро харад - видео
Лукашенко дар тавсифи сафраш ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки худро чун дар хонааш эҳсос мекунад. Вай ҳамчунин аз муносиботи неку дӯстӣ бо Эмомлаӣ Раҳмон зикр карда, афзуд, якдигарро чоряк аср мешиносад, аммо боре ҳам сахт суҳбат накардаанд, ҳатто баҳсе надооштаанд.
Лентаи хабарҳо
0