Даъвати Тоқаев аз кишварҳои Осиё барои муколамаи ошкоро

© Пресс-служба Президента Республики Казахстан / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон мегӯяд, ки Осиё дар рушди тамаддуни башар саҳми бузург гузошта, ба нерӯи пешбарандаи фарҳангу техникӣ табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев иштирокчиёни нишасти шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба муколама барои ноил шудан ба суботи Осиё дар муносибатҳои байналмилалӣ даъват кард.
Вай таъкид кард, ки ҳоло вазифаи махсусан муҳиме, ки дар назди сарони давлатҳо истодааст, расидан ба субот дар муносибатҳои байналмилалӣ дар баробари таҳдидҳои бесобиқаи ба вуҷуд омадаистода мебошад.

"Ба механизмҳои бисёрҷониба такони нав додан ва бозгашт ба муколамаи ошкоро муҳим аст", - гуфт Тоқаев дар ҷараёни нишасти бо ҳузури 11 президент.

Ба андешаи ӯ, пеш аз ҳама саъю кушиш бояд ба ташаккули барномаи нави сулҳ равона карда шавад, то ки аҳамияти қитъаи Осиё дар низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналхалқӣ мустаҳкам карда шавад.
Тоқаев таъкид кард, ки Осиё дар рушди тамаддуни башар саҳми бузург гузошта, ба нерӯи пешбарандаи пешрафти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва техникӣ табдил ёфтааст.
"Ин таҷрибаи азими таърихӣ метавонад заминаи мустаҳкаме барои бунёди низоми нави устувор ва фарогир дар асоси принсипҳои баробарии соҳибихтиёр, ҳамзистии осоишта ва адолат гардад", - афзуд раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Астану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Раҳмон вориди пойтахти Қазоқистон шуд
Қаблан сарвари Қазоқистон бо як қатор ташаббусҳо ҷиҳати табдил додани Саммити молиявии МҲТБО ба як платформаи доимӣ, инчунин баргузории форум оид ба масъалаҳои экологӣ дар Остона ва ҳамоиши раҳбарони ҷунбиши волонтёрони кишварҳои узви он дар соли 2024 баромад карда буд.
МҲТБО як форуми байнидавлатӣ буда, бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфта, фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё нигаронида шудааст.
Ҳоло дар ин форум 28 нафар ширкат доранд, ки тақрибан 90% ҳудуди ва аҳолии Осиёро фаро мегиранд. Як қатор давлатҳо ва панҷ созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, мақоми нозир доранд.
Лентаи хабарҳо
0