Раҳмон вориди пойтахти Қазоқистон шуд

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Астану
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Астану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар аласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Остона шуд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Сафари кории кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ раҳбари Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Қазоқистон истиқбол гирифтанд.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Дар ИДМ як созмони нав пайдо мешавад
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти кишварро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масоили робитаҳои хориҷӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Қазоқистон Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон шомили Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0