Белорус низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон кард

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСовместные учения разведывательных подразделений российских и белорусских десантников
Совместные учения разведывательных подразделений российских и белорусских десантников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Давлати Беларус чунин чораҳоро ба далели эҳтимоли анҷоми иқдоми моҷароҷӯёна аз ҷониби бархе аз давлатҳои ҳамсояаш роҳандозӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар Беларус режими амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Беларус, Владимир Макей, зимни мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" хабар додаст.
"Сарвари кишвари мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор мулоқотҳо анҷом дода, низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд", - гуфт Макей.
Вай қайд кард, қаблан маълумоте дастрас шуд, аз ҷониби баъзе давлатҳои ҳамсоя иқдоми моҷароҷӯёна тарҳрезӣ шудаанд.
Пештар раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко гуфта буд, ки "дар Лаҳистон, Литва, Украина омодасозии ҷангиёни белорустабор барои анҷоми диверсия, ҳамлаҳои террористӣ ва ташкили шӯриши низомӣ оғоз гардидаст".
Ба гуфтаи Макей, "қариб ғасб кардани қисматҳои муайяни қаламрави Беларус" дар назар аст.
Бо дастури Лукашенко мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бояд маҷмӯи чораҳоро оид ба назорати вазъи низомию сиёсӣ ва вокуниш ба онро таҳия кунанд.
Информационный знак о въезде в Белоруссию на границе Республики Беларусь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2022
Минск ба сафири Украина нота дод: Чаро?
Вай таъкид кард, ки дар Минск онҳо наметавонанд "ба касе бовар кунанд" ва кишвар бояд амнияти худро худаш ғамхорӣ кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия ва Беларус ба таъсиси гурӯҳи муштараки минтақавии нирӯҳо шурӯъ кардаанд. Ин иқдомро ба шиддати вазъ дар сарҳадоти ғарбии Белорус рабт доданд.
Сарвари давлат ҳамчунин ба Вазорати дифои кишвар дастур дод, ки барои истиқрори нерӯҳои низомии Русия, ки "на як ҳазор нафаранд" дар ин ҷумҳурӣ омода шавад.
Лентаи хабарҳо
0