Дахли Суғд аз харҷаш зиёд: Пул куҷо равона шуд?

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Даромади буҷети маҳаллӣ дар вилояти Суғд аз нақшаи пешбинигардида барзиёд иҷро шудааст, аммо дар зимн нақшаи хароҷот пурра амалӣ нагардидаст
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли 2022 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ, бе назардошти андози иҷтимоӣ дар вилояти Суғд беш аз 2 млрду 752 млн сомониро ташкил дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки ин нишондод нисбати нақша қариб 6% ё беш аз 147 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.
Таъкид шудаст, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар Суғд ба маблағи беш аз 2 млрду 605,2 млн сомонӣ тасдиқ гардида буд.
Дар мавриди буҷети маҳаллии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки ба ҷойи 1 млрду 821 млн сомонии пешбинигардида, 1 млрду 886 млн сомонӣ ворид гардид. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод аз нақшаи тасдиқгардида наздики 4% ё қариби 65 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Курбон Хакимзода глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Мақомот аз афзоиши шумори соҳибкорон дар Хатлон хабар дод
Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ, ки 1 млрду 867 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, пурра иҷро нашуда, ба 1 млрду 862 млн сомонӣ ё 99,8%-и нақша баробар шудаст.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, дар буҷаи вилоят чун пештара афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шудст.
"Ба соҳаҳои маориф 860 млн сомонӣ, тандурустӣ 417 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 19 млн сомонӣ, фарҳангу варзиш 199 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ, 1 млрду 497 млн сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид", - омдаааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ин нишондоди хароҷот дар бахши иҷтимоӣ беш аз 80%-и сарфи умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0