Дастаҳои футзали Тоҷикистону Русия ба қувваозмоӣ омодагӣ мебинанд

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикские футзалисты
Таджикские футзалисты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Футзалбозони тоҷик авоили моҳи ноябр дар Қасри теннис ва варзиши обии Душанбе якбора бо тими Русия ду вохӯрӣ баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо ноиби қаҳрамони Аврупо – тими Русия бозӣ мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФТ.
Шогирдони Пайрав Воҳидов дар Душанбе якбора ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Вохӯриҳо 7 ва 8 ноябри соли 2022 ба нақша гирифта шудаанд.
Бозиҳо дар маҷмаи серсоҳаи варзишии пойтахт — дар Қасри теннис ва варзиши обӣ доир мешавад. Бозиҳо соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешаванд.
Национальная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Рақиби яккачини футзали Тоҷикистон дар чорякниҳоии ҶО-2022 муайян шуд
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Кувайт баргузор шуд, мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷойгоҳашро дар панҷгонаи беҳтарини чемпионат таъмин кард.
Дастаи футзали Тоҷикистон дар доираи даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бо рақибонашон аз Туркманистон вохӯрд.
Бозӣ бо пирӯзии бозигарони тоҷик бо ҳисоби 8:5 анҷом ёфт.
Пас аз ин пирӯзӣ футзалбозони Тоҷикистон сеюмин тими футзали Ҷоми Осиё шуданд, ки ба чорякфинал роҳ ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0