Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Печида: Кремл дар бораи вазъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента России Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Намояндаи Кремл вазъиятеро, ки дар масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷой дорад, баҳогузорӣ карда, аз саҳми Маскав барои коҳиши таниш гуфт
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "то ҳадде мураккаб" хонд. Ӯ ин нуктаро зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" баён дошт.
Песков афзуд, ташаббускори мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 13 октябр дар Остона баргузор шуд, президенти ФР, Владимир Путин буд.

"Бале, он бо ташаббуси президент Путин сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, вазъ то ҳадде печида аст ва албатта, зиёд нестанд, кишварҳое ба мисли Русия, ки метавонанд барои ҳалли вазъ ва коҳиши таниш мусоидат кунанд", - гуфт сухангӯи Кремл.

Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти сеҷониба дар Остона сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.
Президенты России, Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои марзии ҷойдошта танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки таниши ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт. Бишкеку Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0