Путин ҳамкорӣ бо толибҳоро ба ҷилавгирӣ аз хатарҳо рабт дод

© AP / Emrah GurelАфганистан, граница
Афганистан, граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Толибҳо таҳти фишори хадамоти истихбороти хориҷӣ дар мавриди пайдо шудани пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон чашм мепӯшанд, гуфт раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамкорӣ бо мақомдорони кунунии Афғонистонро таъкид карда, афзуд, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мегардад.
Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласаи сарони кишварҳо дар шеваи "Русия ва Осиёи Марказӣ" баён дошта, таъкид намуд, ки ин мавзуъ таҳлили амиқу ҳамоҳангӣ мехоҳад.
Вай ҳамчунин аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод, ки толибҳо таҳти фишори хадамоти истихбороти хориҷӣ дар мавриди пайдо шудани пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли кишвар чашм мепӯшанд.
Пресс-конференция Путина по итогам саммита в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Аз баҳси марзӣ то амалиёт дар Украина ва басиҷ: Путин ба суолҳо посух дод - видео
Путин зимни суҳбат дар бораи авзоъ дар Афғонистон гуфт, ки "дар марзҳои мо" як макони ташаннуҷ дар ҳоли ташаккул аст. Вай афзуд, дар ҳоле ки хадамоти истихборотии ғарбӣ гурӯҳҳои террористиро таъминот медиҳанд, аз ин рӯ Русия дар сатҳи зарурии тамос бо толибҳо нигоҳ медорад.
"Дар сарҳадҳои ҷанубии мо дар ҳақиқат як макони ташаннуҷ дар ташаккул аст, ки дар пай фирорию хатарҳои террористӣ дорад. Дар зимн Ғарб, пеш аз ҳама хадамоти вижаи бритониёию амрикоӣ воҳидҳои зиддитолибро дастгирӣ доранду ба оташкушоӣ сӯи кишварҳои ҳаммарз равона мекунанд", - гуфт Путин.
Вай тавзеҳ дод, ки бо дарки дараҷаи таҳдидҳо сатҳи зарурии тамос бо ҳукуматдорони феълиро дар Афғонистон нигоҳ медоранд.
Раисҷумҳури Русия гуфт, кишварҳои ҳаммарз манфиатдоранд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон дубора сар назанад.
Лентаи хабарҳо
0