Русия ва Осиёи Марказӣ ният доранд инфрасохтори нақлиётиро беҳтар кунанд

© Пресс-служба президента Казахстана / Гузариш ба медиабонкСаммит "Россия - Центральная Азия"
Саммит Россия - Центральная Азия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Федератсияи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди навсозии инфрасохтори нақлиётии минтақа барои фазои мусоиди боркашонӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисони ҷумҳуриҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба беҳбуди зерсохтори нақлиётии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Ин нукта дар изҳороти онҳо дар паи натоиҷи нишасти аввал дар формати "Русия - Осиёи Марказӣ", ки имрӯз 14 октябр дар Остона баргузор шуд, зикр шудааст.
"Мо ба эҷоди бозсозии нави инфрасохтори муштараки мавҷудаи нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасмандии худро баён мекунем", - омадааст дар изҳороти онҳо.
Тибқи ин санад, сарони давлатҳо “муҳайё сохтани шароити ҷолиб барои фаъолияти долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, аз ҷумла тавассути рушди инфрасохтор ва ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисодии мутақобилан судманди ҳавасмандгардонии ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан ва автомобилгардро" муҳим медонанд.
Пресс-конференция Путина по итогам саммита в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Аз баҳси марзӣ то амалиёт дар Украина ва басиҷ: Путин ба суолҳо посух дод - видео
Ҳамзамон аҳамияти амиқсозии ҳамкориҳо дар бахши табдили рақамӣ дар нишасти Раҳбарони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид шудааст.
"Мо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши табдили рақамии соҳоти мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ бо мақсади беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ба шаҳрвандон аҳамияти хоса медиҳем", — омадааст дар изҳороти сарони кишварҳо.
Президентҳо ният доранд, ки барои рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи коммуникатсия бо мақсади табодули муҳтаво, баргузории чорабиниҳои муштарак, инчунин ташкили таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси рӯзноманигорони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ саъй кунанд.
Лентаи хабарҳо
0