Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ҷараёни амалиёти вижа тақрибан 5,8 ҳазор воҳиди техникаи низомии ҚМУ нобуд шуд

© Sputnik / Ivan Rodionov / Гузариш ба медиабонкПодбитый украинский танк на въезде в село Гнутово под Мариуполем
Подбитый украинский танк на въезде в село Гнутово под Мариуполем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, аз оғози амалиёти вижа тақрибан 5,8 ҳазор танку зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии Русия тақрибан 5800 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши украинӣ нобуд карда шудаанд, мегӯяд Вазорати мудофиаи ин кишвар.
"Дар маҷмӯъ 323 ҳавопаймо, 161 чархбол, 2236 ҳавопаймои бесарнишин, 380 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 5792 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 869 мошини ҷангии чандкаратаи ракетӣ, 3475 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномёт68, мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд гардиданд", - гуфта мешавад дар гузориши вазорати дифоъ.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия талафоти Украина тайи рӯзҳои охирро эълон кард
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0