Гуфтугӯи Аҳмад Масъуд бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мушовири пешини амнияти миллии Афғонистон аз гуфтугӯ бо раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар бораи вазъияти Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири пешини амнияти миллии Афғонистони ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки ӯ бо Аҳмад Масъуд,раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони гуфтугӯ ва бар иҷмоъи сиёсӣ таъкид кардааст.
“Барои ҳали мушкили кунунӣ ба иҷмоъи сиёсӣ ниёзаст", гуфтаат оқои Муҳиб.
Гуфта шудааст, ки тамаркузи аслии ин гуфтугӯ бозгашти дубораи Афғонистон ба "демокрасӣ ва низоми ҷумҳурӣ" бӯдааст.
Муҳиб дар идома навиштааст, ки дар бора ҳифзи дастоварадҳои бист соли гузашта ва арзишҳои миллӣ аз он миён парчами Афғонистон дар ин гуфтугӯ низ таъкид шудааст.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Толибон: Афғонистон макони амн барои сармоягузорӣ хориҷӣ аст
Мушовири пешини амнияти миллии Афғонистон дар ҳоле аз гуфтугӯ бо раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар медиҳад, ки пеш аз ин ӯ гуфта буд, ки бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд дар тамос нест ва пайвандӣ надорад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди паноҳҷӯёни афғонро зиёда аз 15 ҳазор нафар шумурда буданд.
Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", дар моҳи августи имсол, ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, фирор карданд.
Лентаи хабарҳо
0