Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Машварати панҷ рӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз чӣ натиҷа дод?

© Хадамоти матбуоти ВКХ ҶТМашварати навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи аломатгузории марз
Машварати навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи аломатгузории марз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон давоми панҷ рӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 10 то 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашр намудани акси муштараки ду ҷониб қайд намуд, ки дар ин тарафҳо оид ба гузариши хаттии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ ҷузъиёти бештар аз машварати панҷ рӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.
Танҳо зикр намуд, ки машварати навбатӣ сари ин масъала дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.
Президент РФ В. Путин на саммите Россия - Центральная Азия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Путин гуфт, ки Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи чӣ мувофиқа кардаанд
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз музокироти сеҷониба ба мувофиқа расиданд, ки мушкилотро танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд.
Музокироти руасои се кишвар дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон дар бораи делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд”, - иттилоъ дода буд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0