Раҳмон ба Эрдуғон номаи ҳамдардӣ фиристод

© AFP 2022 / MURAT CETIN MUHURDARПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Роҳбари давлат дар номаи худ ба пайвандони қурбониён сабри ҷамил хост ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳар чӣ зудтар таманно кард
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои турки худ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон номаи ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода, матни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмонро нашр намуданд.
Дар паёми тасаллият Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт боиси андӯҳи ӯ гардид.
Дар идома ӯ ба пайвандони қурбониёни ин ҳодисаи фоҷиабор сабри ҷамил ва ҳамчунин ба конканҳое, ки осеб диданд шифои ҳар чӣ зудтар таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 14 октябр дар кони ангишти музофоти Бартин садама сар зад, ки дар натиҷа 40 нафар ҷон бохтанд.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Теъдоди қурбониёни фоҷиа дар кони ангишти Туркия афзуд: Эрдуғон ба ҷойи ҳодиса рафт
Вазорати умури дохилаи ин кишвар хабар дод, ки дар самани сар задани таркиш дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 нафар қарор доштанд, ки аксари онҳоро зинда аз он ҷо берун оварданд.
Эрдуғон дар робита ба ҳодисаи мудҳиш изҳор дошт, ки мақомоти марбута иллати сар задани ин ҳодисаи фоҷиаборро таҳқиқ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0