Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Рожин: Чаро НАТО иштирокашро дар ҷанги Украина пинҳон медорад - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Коршинос тавзеҳ дод, ки изҳороти расмии НАТО аз вазъи воқеӣ то чӣ андоза тафовут доранду ин созмон аз кай вориди буҳрони Украина шуд
НАТО бидуни шак аз оғози даргирӣ дар амалиёти ҷангӣ дар Украина иштирок мекунад.
Ин нуктаро коршиноси Маркази рӯзноманигории ҳарбӣ-сиёсӣ, Борис Рожин дар сӯҳбат бо Sputnik баён дошт. Вай тавзеҳ дод, ки худи НАТО аз ташаккулдиҳандагони амалиёти ҷангӣ дар Украина мебошад, чун тавсеаро ба шарқ идома дод.
Рожин афзуд, ки НАТО аз тариқи пешниҳоди силоҳ, хизматрасониҳои низомию инфрасохтор, тамрини низомиёну таъминоти маълумоти истихборотӣ дар даргириҳои Украина иштирок мекунад.
Марҳилаи нави аз байн бурдани Украина оғоз шуд
Вай изҳори боварӣ намуд, ки Ғарб дар қаламрави Украина алайҳи Русия ҷанги проксиро пеш бурда истодааст.
Рожин дар мавриди изҳоротҳои мақомдорони ғарбӣ, ки НАТО дар ҷанги Украина иштирок намекунад, изҳор дошт, ки ин як навъ талоши рӯйпӯшсозӣ аст, то аз даргирии мустақим ҷилавгирӣ гардад.
Коршинос ҳамчунин ба суолҳо ар бораи афзоиши суҳбатҳо атрофи истифодаи эҳтимолии силоҳи ҳастаӣ, изҳоротҳои зиддунақизи дабири НАТО, эҳтимоли аз даст рафтани хадамоти моҳвораии ширкати Илон Маск дар Украина ва ғайра посух дод.
Тафсилоти суҳбатро метавонед дар мусоҳибаи видеоӣ бо Борис Рожин тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0